Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғуртаи Тоҷик ва Чин”  суғуртаи ихтиёрии амвол пешниҳод менамояд. Мо қудрати онро надорем, ки амволи худро аз ҳодисаҳои ногаҳонии сӯхтор, ғарқшавӣ муҳофизат намоем, аммо мо метавонем худро аз хароҷоти зиёдатӣ нигоҳдорӣ намоем, чункӣ арзиши Полиси суғуртавӣ аз арзиши хароҷот барои барқарор кардани амвол нисбатан (хело) паст мебошад.

Мо омодаем амволи Шуморо суғурта намоем:

  • ☑ бино, иморат (аз он ҷумла, иморат тибқи арзиши такмил ва таъмири он);
  • ☑ коммуникатсияи муҳандисӣ;
  • ☑ арзиши молу матоъ (молҳо, ашъё, масолеҳ);
  • ☑ таҷҳизоти асосӣ ва истеҳсолоти ёрирасон;
  • ☑ таҷҳизоти корхона ва савдо, мебел (ҷиҳози хона;
  • ☑ асбоб, олоту анҷом.

Мо хавфҳои навбатиро рӯйпуш менамоем:

  • ☑ сӯхтор, зарбаи раъду барқ, таркиши газ;
  • ☑ ҳодисаҳои табиат ва офатҳои табии;
  • ☑ зарар дидани амвол аз обҳои қубури обгузарон, канализатсия, системаи гармидиҳӣ ва зиддисӯхторӣ;
  • ☑ амали ғайриҳуқуқии шахси сеюм;
  • ☑ дуздӣ бо роҳи (тавассути) ғайриқонунӣ ва ғорат;
  • ☑ бархӯрдан ё зер кардани воситаҳои нақлиётии рӯизаминӣ;
  • ☑ суқути дастгоҳҳои парвозкунанда ё шикастапораҳои он.

Иловатан дар ҳаҷми ҳимояи суғуртавӣ метавонанд дигар хавфҳои навбатӣ ҳам шомил шаванд:

  • ☑ шикастани шишаҳо;
  • ☑ шикастапораҳо ва ғайра.