Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” суғуртаи ихтиёрии ашёи гаравро пешниҳод менамояд. Ҳангоми истифодаи воситаҳои қарзи, ки зери гарави амволи истеҳсолот гирифта шудааст, зарурати таъмини ҳимояи суғуртавии амволи гарав пайдо мегардад. Ташкилотҳои қарзи ба масъалаи суғуртаи гарави амволи мизоҷони худ, бомулоҳиза ва санҷида муносибат намуда, такъя ба таҷриба ва устуворӣ, инчунин дараҷаи баланд ва расонидани хизмати таъҷилии Ташкилоти суғуртавӣ менамояд. Ин имкон медиҳад, ки манфиатҳои амволи чун худи ширкат ва ҳамчун бонк дар ҳолати гум кардан, нест кардан ё зарари амволро ҳифз намояд.

Мо омодаем суғурта намоем:

  • ☑ бино (маъмурӣ, истеҳсолӣ, анборҳо, иншоотҳои савдо, муассисаҳо ва ғайра) иморатҳо, иншоотҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоотҳои сохтмонаш ба итмом нарасида;
  • ☑ таҷҳизоти (истеҳсолӣ, савдо, технологӣ, электронӣ, корхонавӣ ва ғайра), мошинҳои қудратӣ ва дигар таҷҳизоти ҳаракаткунанда, молҳо, ашёҳо, маводҳо ва дигар арзишҳои молу ашё.

  Мо хавфҳои навбатиро рӯйпуш менамоем:

  • ☑ сӯхтор;
  • ☑ таркиш;
  • ☑ расидани зарар аз оби қубури обгузар, қубури гармидиҳӣ, системаи канализатсия;
  • ☑ гузаштани об аз иморати дигар;
  • ☑ офатҳои табии;
  • ☑ дуздӣ, ғорат, шикаста кушодан;
  • ☑ амали ғайриқонунии Шахси сеюм;
  • ☑ афтодани объектҳои парвозкунанда ё шикастпораҳои он ва дигар ҷисмҳо.