Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” суғуртаи ихтиёрии корҳои сохтмонию васлкунӣ аз тамоми хавфҳоро пешниҳод менамояд. Суғуртаи корҳои сохтмонию васлкунӣ аз тамоми хавфҳо ҳимояро аз ҳолатҳои ногаҳонӣ ва тасодуфие, ки ҳангоми корҳои сохтмонию васлкунӣ, таъмиру таҷдиди биною иморатҳо, инчунин кафолати хизмати объекти сохтмону васлкунӣ ба амал меоянд, таъмин менамояд.

Мо омодаем суғурта намоем:

  • ☑ объектҳои сохтмони саноатӣ-иморати саноатӣ, объектҳои инфрасохтори нақлиётӣ (сохтмонҳои роҳ ва роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, пулҳо, корезҳо, дарғотҳо, нақбҳо, қубурҳои газ, қубурҳои нафт);
  • ☑ объектҳо сохтмони гражданӣ-шаҳрвандӣ (иморатҳои маъмурӣ, объектҳои сохтмони манзилӣ ва ғайра);
  • ☑ маҳсулоти сохтмонию васлкунӣ, ва дигар корҳои танзимгарӣ;
  • ☑ таҷҳизоти майдончаи сохтмонӣ, деворҳо, таҷҳизоти равшанидиҳанда, дохили майдончавӣ, роҳҳои автомобилӣ, иморатҳои муваққатӣ (коммуникатсияи муваққатии муҳандисӣ, иморатҳои маишӣ, хоҷагиҳои анборӣ ва иморат барои нигоҳдории захираи ашё);
  • ☑ таҷҳизоти сохтмонию васлкунӣ: мошинҳо, механизмҳо, асбобҳо, ва дигар олотҳои техникие, ки ҳангоми сохтмонию васлкунӣ истифода мешавнд;
  • ☑ объектҳои, дар майдончаи сохтмонӣ ё бевосита дар наздикии он ҷойгир буда, ки ба пудратчӣ ё фармоишгар тааллуқ доранд.

Ба суғурта, инчунин қабул карда мешаванд:

  • ☑ хароҷотҳои марбут барои тоза кардани ҳудуди корҳои сохтмонию васлкунӣ баъди ҳодисаи суғуртавӣ;
  • ☑ ӯҳдадории гражданӣ-ҳуқуқии Шахси сеюм, ки дар алоқа бо корҳои сохтмонию васлкунӣ дар ҳамон майдонча ё бевосита дар наздикии он гузаронида мешавад;
  • ☑ кафолати ӯҳдадории баъди оғоз гардидан.

Мо хавфҳои навбатиро рӯйпуш менамоем:

  • ☑ зараре, ки ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонию васлкунӣ (арзиши корҳои истеҳсолӣ ва ашъёи сохтмонӣ, масолеҳи сохтмонӣ) расонида шудааст, инчунин расонидани зарар ба таҷҳизоти майдончаи сохтмонӣ, таҷҳизоти сохтмонию васлкунӣ ва объектҳое, ки дар майдончаи сохтмонӣ ё дар наздикии он воқеъ буда, ба Фармоишгар ё Суғурташаванда мутаалиқ бошанд.

☑ сӯхтор (аз он ҷумла, дар натиҷаи таркиш, зарбаи раъду барқ, таъсири қувваи барқ, таркиши газе, ки барои истифодаи мақсадҳои маишӣ ва истеҳсолӣ) ва оқибатҳои сӯхторхомӯшкунӣ;

☑ садамаҳои технологие, ки дар натиҷаи:

  •  – таркишҳои газ, қубурҳои гармӣ ва буғгузаронӣ, дегҳои буғистеҳсолкунанда ва ғайраҳо инчунин, таҷҳизоти техникӣ ва гидротехникӣ, дастгоҳҳо, мошинҳо;
  •  – садама ҳангоми гузаронидани таркишҳо, пармакуниҳо, корҳои кафшергарӣ ва кафшергарии газӣ, инчунин дигар корҳои сохтмонӣ, васлкунию танзимгарӣ;
  •  – садамаи шабакаҳои муҳандисӣ (қубури об, канализатсия, хатҳои гармидиҳӣ ва барқдиҳӣ);

☑ офатҳои табии:

  •  – дамидани об, зер кардани селоба, обхезӣ, борони сел;
  •  – фурӯнишинӣ, рехтани сангу шағал, фурӯравӣ;
  •  – боридани барфи зиёд, фаромадани тарма, бӯрон, тундбод, тӯфон, заминҷунбӣ, фаромадани ярч, сел.

☑ таъсири беруна дар натиҷаи:

  •  – амали барқасдонаи Шахси сеюм ҳангоми борбарорӣ, борфарорӣ, боркашонии борҳо дар назди ё тавассути майдончаи сохтмонӣ;
  •  – афтидани объектҳои парвозкунанда ва қисмҳои он;
  •  – зер кардани техникаи ҳаракаткунанда;
  •  – фурӯ рехтан ё зарар дидани объект, аз он ҷумла фурӯравӣ ё афтидани қисмҳои элементҳои конструксия ё дигар ҷисмҳо.

☑ шикастани мошин ва таҷҳизоте, ки барои иҷрои корҳои сотмонию васлкунӣ дар объекти суғурта дар натиҷаи зарари беруна истифода мешаванд;

☑ амали ғайриқонунии Шахси сеюм:

  •  – шикаста дуздӣ кардан ва ё ғорат бо мақсади дуздии масолеҳи сохтмонӣ, қисмҳо, асбобу олот, ё худи мошинҳои сохтмонӣ ва таҷҳизот;
  •  – зарари расонидашудае, ки дар натиҷаи хароҷот барои тоза кардани ҳудуди корҳои сохтмонию васлкунӣ баъди ҳодисаи суғуртавӣ гузаронида шудааст;
  •  – зараре, ки ба ҳаёт ва саломатӣ ё амволи Шахси сеюм расонида шудааст.