Мизоҷон ва шарикони муҳтарам!

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” соли 2015 бо мақсади мусоидат ба фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо роҳи кам кардани хатарҳое, ки хоси ин намуди фаъолият мебошанд, таъсис дода шудааст.

ҶДММ «Суғуртаи Тоҷик ва Чин» мувофиқи Иҷозатномаи ФС №0000028 аз 19 феврали соли 2021, бо суғуртаи ихтиёрии шахсони ҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият ва  суғуртаи шахсони воқеӣ машғул аст.

Саҳҳомони ҶДММ «Суғуртаи Тоҷик ва Чин»  корпаратсияи Хитойи мебошад. 

Ҳадафҳои асосии ҶДММ «Суғуртаи Тоҷик ва Чин» мусоидати ҳамаҷониба намудан ба рушди устувори тиҷорат ва некуаҳволии мизоҷон, инчунин таъмини кафолати ҳамаҷонибаи ҳимояи суғурта ва таъмини мизоҷон бо хизматрасониҳои баланди стандартӣ байналмиллалӣ мебошад.

Шарикони ташкилоти мо оид ба азнавсуғуртакунӣ ин ширкатҳои бузурги Осиё ва Аврупо мебошанд.

ҶДММ «Суғуртаи Тоҷик ва Чин» субот ва эътимоднокии сатҳи баланди хизматрасониро ба мизоҷони худ кафолат медиҳад.