Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” суғуртаи ихтиёрии тиббиро пешниҳод менамояд. Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (СИТ)- ин имконияти гирифтани ёрии босифати тиббии Шумо дар ҳаҷми барои Шумо зарурӣ, тибқи интихоби дараҷаи “VIP” ва «Стандарт» мебошад.

Мо ҳодисаҳои навбатиро рӯйпуш менамоем:

  • ☑ муроҷиати шахси Суғурташуда дар давоми мӯҳлати амали Шартномаи суғуртавӣ дар муассисҳои тиббие, ки дар онҳо Барномаи суғуртаи ихтиёрии тиббӣ барои гирифтани хизматҳои машваратӣ, муолиҷавӣ, ташхисӣ ва физиотерапевтӣ  пешбинӣ гардидааст.

Навъҳои асосии хизмат дар чаҳорчӯбаи Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ:

  • ☑ ёрии амбулаторӣ-муолиҷавӣ;
  • ☑ ёрии дандонпизишкӣ;
  • ☑ бистарикунии нақшавӣ;
  • ☑ таъминоти доруворӣ.

Шариконе, ки хизмати тиббӣ пешниҳод мекунанд, инҳо муассисаҳои тиббии зерин мебошанд:

  • 1. Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”;
  • 2.Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил;
  • 3. Клиникаи илмӣ-дандонпизишкӣ ва хирургияи ҷоғу рӯй;
  • 4. ҶДММ “Тибби муосир”;
  • 5. Маркази ташхисии “Нурафзо”;
  • 6. Маркази тиббӣ-эстетикии Ёсуман (Жасмин);
  • 7. Клиникаи тиббии ҶДММ “Мадади Акбар”;
  • 8. Клиникаи дандонпизишкии “Смайл”;
  • 9. Клиникаи дандонпизишкии “Роял дент”;
  • 10. Маркази тибии “Шифо”;
  • 11. Маркази ташхиси тибии Оғо-Хон;
  • 12. Беморхонаи марказии шаҳри Гулистон (Хуҷанд).
  • 13. Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ.
  • 14. Озмоишгоҳи миллии Референси.