Роҳсипор гардидан ба саёҳат ё сафари корӣ дар бораи чизҳои муҳим фаромӯш накунед, ҳамчун суғуртаи барои рафтан ба хориҷа. Суғурта намудани сафар-ҷузъи ҷудонашавандаи  беҳбудии молиявии Шумо мебошад. Мо кафолат дода наметавонем, ки дар вақти сафар ҳеҷ воқеа рӯй намедиҳад, аммо мо кафолат медиҳем, ки мо ҳамаи ӯҳдадориро тибқи ташкили босифати ҳифзи суғуртавӣ иҷро менамоем.

Мо хавфҳои навбатиро рӯйпуш менамоем:

  • ☑ ёрии тибии таъҷилӣ ва таъхирнопазир, ҳамчунин дандонпизишкии таъҷилӣ;
  • ☑ кашонидан ё бурда расонидан тавассути нақлиёт;
  • ☑ репатриатсия (ба ватан бозгардонидан);
  • ☑ ҷуброни пулии хароҷотҳо аз ҳодисаҳои нохуше, ки ба зарари ҷисмонӣ, маъюбӣ ё фавти Суғурташуда оварда расонидааст;
  • ☑ алоқа ё гуфтушуниди телефонӣ бо ширкати хизматрасоне, ки ёрии тиббиро ташкил менамояд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” бо ширкатҳои хизматрасони бузурги байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд, ки онҳо барои ташкил намудани ёрии тиббӣ дар тамоми дунё пешсаф мебошанд.