Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” суғуртаи ихтиёрӣ аз ҳодисаҳои нохушро пешниҳод менамояд. Суғурта аз ҳодисаҳои нохуш на танҳо ба намояндагони ихтисосҳои хавфнок, балки ба ҳамаи шаҳрвандон зарур аст.

Полиси суғуртавӣ аз ҳолатҳои ногаҳонии ҳаёт муҳофизат карда наметавонад, аммо талафоти моддии Шуморо ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳодисаи нохуш ҷуброн менамояд. Дар лаҳзаҳои душвор мо ба ӯҳдаи худ қисми ташвиш ва душвориҳои Шуморо мегирем. Ҳангоми сар задани ҳодисаи суғуртавӣ ҶДММ “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” ба Шумо кӯмак ва дастгирӣ менамояд.

Мо ҳодисаҳои навбатиро рӯйпуш менамоем:

  • ☑ зарарҳои ҷисмонӣ;
  • ☑ муваққатан аз даст додани қобилияти корӣ;
  • ☑ маъюбӣ (маъюбият);
  • ☑ фавт (ҳалокат).

Ба ҳодисаҳои нохуш маҳсуб мебошанд:

  • ☑ сухтан, сармозадан,  ҳуҷуми бадқасдонаи ҷиноятӣ ё ҳайвонот, афтидани  ягон  ашё   ё худи шахси  Шахси суғурташуда ;
  • ☑ заҳролудшавии шадид  аз доруҳо, растаниҳои  заҳролуд, маҳсулотҳои ғизоии бесифат (ба  истиснои токсикоинфексияи ғизоӣ – салмонеллез, исҳоли хунинӣ  ва ғ.);
  • ☑ маризии  энсефалити  канагӣ  ё бади пайвандӣ  (энсефаломиелит);
  • ☑ зарба задани  раъду  барқ ё ҷараёни  барқӣ;
  • ☑ тасоддуфан шикастани  устухон, дандонҳо,  беҷошавии  устухон;
  • ☑ ҳодисаҳои  нохуши  ҳангоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт (қатора, нақлиёт ва ғ.) ё ҳангоми суқути онҳо ё  истифода аз мошин, механизм ва  дигар дастгоҳҳо.

Бартарии суғурта дар ширкати ҶДММ «Суғуртаи Тоҷик ва Чин»:

  • ☑ миқдори аз ҳама кам сарф кардани вақт барои ба даст овардани Полис;
  • ☑ дараҷаи баланди ҳифзи суғуртавӣ ҳангоми ҳаққи на онқадар калони суғурта;
  • ☑ тахфифҳо вобаста аз шумораи суғурташудагон, мизоҷони доимӣ.