ҶДММ “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” суғуртаи ихтиёрии борҳоро пешниҳод менамояд. Хавфи талафоти молиявӣ ҳангоми кашонидани тамоми борҳо, новобаста аз талаботи шартнома бо боркашон ба вуҷуд меояд. Ҳадафи асосии мо пешгирии зарари молиявие, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои ногаҳонӣ ба амал меоянд. Ин гуна ҳодисаҳо метавонанд зарари борҳо ва пурра нест гардидани он гарданд.

Мо омодаем суғурта намоем:

  • ☑ борҳои гуногуни шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар давраи боркашонӣ, шурӯъ карда аз ҳодисаҳое, ки ҳангоми амалиётҳои борбарорӣ ва борфарорӣ ба амал меоянд.

Мо хавфҳои навбатиро рӯйпуш менамоем:

  • ☑ тибқи ҳамаи садамаҳо;
  • ☑ ҳамаи хароҷотҳои зарурӣ барои наҷоти борҳо;
  • ☑ ҳодисаҳои нохуш ҳангоми борфарорӣ, ҷо ба ҷо гузорӣ ва борбарорӣ.

Бо хоҳиши Суғурташаванда шартнома метавонад дар шароити “масъулияти садамаи шахсӣ”, “масъулияти ҳамаи хавфҳо” “бемасъулиятӣ барои расонидани зарар, ба истиснои ҳолати суқут (садамаи ҳавоӣ)” баста шавад.